Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарӣ корӣ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд санаи 22 августи соли равон бинои нави кӯдакистони хусусии «Афсона»-ро ифтитоҳ намуданд. Ин бино дар масоҳати умумии 2 ҳазору 280 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна, таҳхона ва 10 синфхонаи таълимию ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино хобгоҳ барои 200 нафар кӯдак, ошхона, толори барҳавои таълимӣ ва машғулияти кӯдакон ба варзиши сабук, дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ ва тиббӣ, толорҳои таълимӣ ва мусиқӣ ҷойгир буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Кӯдакистон дар доираи идомаи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст, ки барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад.