Таҳти ин унвон рӯзномаи машҳури Бритониёи Кабир «The telegraph» дар шумораи 16 августи соли 2019 бо унвонии «Шаҳри гумшуда пайдо шуд. Бостоншиносон «Мачу-Пикчу»-и Тоҷикистонро кашф карданд» матлабе нашр намудааст.
Мачу-Пикчу шаҳри қадимӣ дар Амрикои ҷанубӣ буда, дар Перуи ҳозира дар баландии 2450 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, ки он ҳамчун шаҳри гумшудаи инкҳо дар саросари ҷаҳон машҳур аст. ЮНЕСКО соли 2007 ба он расман унвони муъҷизаи нави сайёраро додааст. Дар матлаби «The telegraph» оид ба шаҳри бостонии Карон, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, сухан рафта, қайд гардидааст, ки ин шаҳр ба Мачу-Пикчу шабоҳат дорад. Хадамоти саёҳатии рӯзномаи мазкур (Telegraph travel) ба тадқиқоти шаҳри қадимии Карон шуруъ намудааст.
Ин шаҳри қадимиро соли 2012 дар минтақаи Дарвоз бостоншиносони тоҷику рус кашф намудаанд, ки тақрибан таърихи 4 ҳазорсола дорад. Таърихшиносон бар он ақидаанд, ки барои ба пуррагӣ омӯхтани таърихи Карон ҳадди ақал 15 сол лозим аст ва интизор меравад, ки ин шаҳрро ба мисли Мачу-Пикчу муъҷизаи нави сайёра эълон доранд.