Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмунҳои ҷумҳуриявиро эълон менамояд:
Озмун байни ҳунармандони кишвар оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ;
«Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари ҷолиби сайёҳӣ»;
«Таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ»
- Дар озмун ҳунармандон, хонандагони муассисаҳои мактабҳои миёна ва донишҷӯёне, ки дар риштаи сайёҳии муассисањои олии касбии ҷумҳурї таҳсил доранд, ширкат варзида метавонанд, - иброз дошт Абдукарим Қурбонов аз бахши иттилоотии Кумитаи мазкур.
Манбаъ афзуд, ки яке аз ҳадафҳои озмун миёни ҳунармандони кишвар таҳияи армуғони арзанда бо истифода аз рамзи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, мавзеъҳои сайёҳии «Ҳулбук», «Чилдухтарон» ва «Сари Хосор» мебошад.
Мақсади озмун ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ ёфтани он, инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён мебошад.
Довталабон метавонанд маводои хешро то 1 декабри соли 2019 супоранд.
Суроға барои қабули маводҳо: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 78. Телефон барои тамос: (837) 2278481; 2278790.