Санаи 5 августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ иброз дошт, ки аз шумораи умумии довталабони бақайдгирифташудаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 42875 нафар духтарон (45,25 %) ва 51879 нафарашонро писарон (54,75 %) ташкил медиҳанд. Ҳиссаи духтарони дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2018 1,89 % бештар аст.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ ба роҳ монда шуд, ки ба ин тариқ, 9142 довталаб аз қайд гузаштанд. Аз шумораи умумии довталабони мазкур 6041 нафарашон (66,8 %) духтарон мебошанд.