Дар нимсолаи якуми соли 2019 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 98, 6 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 5 млрд. 546, 7 млн. сомонии пешбинишудаи буҷети давлатӣ 5 466,7 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондодҳои пешбинишуда 80,0 млн сомонӣ кам аст. Ин нуктаро Аюбҷон Солеҳзода, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ санаи 2 август ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр кард, ки нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ 107 %, вилояти Хатлон – 102,6 %, вилояти Суғд – 102,4 % ва шаҳри Душанбе - 100,9 % таъмин карда шуд.
- Бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба ҳолати 1 июли соли 2019 699,0 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи январи соли равон 27, 0 млн. сомонӣ кам мебошад, - иброз дошт А. Солеҳзода.