Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ вобаста ба мукаммал намудани шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва механизми ҷамъоварии маълумот тавассути сомонаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди 27 шакли ҳисоботи оморӣ, аз ҷумла 7 шакли ҳисоботи оморӣ бо усули электронӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода – директори Агентии мазкур санаи 2 августи соли 2019 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки роҳандозии чорабинии мазкур имконият дод, то сарфаи вақт ва истифодаи самараноки технологияи муосири электронӣ ба даст оварда шавад.
Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли равон 4908 корҳои оморӣ анҷом дода шудааст. Барои таҳияи лоиҳаи буҷети барӯйхатгирии аҳолӣ барои соли 2020 шумораи тахминии кормандони муваққатӣ, маводҳои зарурӣ барои гузарондани ин чорабинӣ муайян гардид ва дар ин нимсола тибқи барномаи корҳои оморӣ 11 маҷмуаи оморӣ, 90 бюллетени оморӣ, 10 маълумот, 25 иттилооти таъҷилӣ ва 32 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.