Шумораи занон дар низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 7 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.
Қайд гардид, ки бонувони тоҷик ҳамчунин дар консулгариву сафоратҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ кор мекунанд.
- 18 дарсади шумораи умумии дипломатҳои Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, ки аксарият дар намояндагиҳои дипломатӣ кор мекунанд. Бонувон бештар дар сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ҳиндустон, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Беларусия, Россия, Фаронса ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият мекунанд. Қисме ба ҳайси мушовир ифои вазифа карда, ҳастанд нафароне, ки дар созмонҳои хориҷӣ ҳамчун роҳбар ифои вазифа мекунанд. Дар умум, теъдоди бонувони фаъолияткунанда дар сафорату консулгариҳо 40 дарсадро ташкил медиҳад, - иброз дошт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.