Раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолиятҳои ғайриқонунии кормандони ин ниҳодро назорат мекард, пас аз интиқоди шадиди Сарвари давлат нисбат ба корманди собиқи ин ниҳод, Шаҳбоз Раҷабзода пурра аз фаъолият боз дошта шуд. Ин нуктаро имрӯз раиси Хадамоти гумрук, Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш байён дошт.
- Интиқоди Президент шахсан барои ман низ ғаричашмдошт буд. Камбудии мо, аз ҷумла Раёсати амнияти дохилӣ низ дар он буд, ки натавонистем сари вақт фаъолиятҳои ғайриқонунии Шаҳбоз Раҷабзодаро ошкор намоем. Маҳз бо ҳамин сабаб Раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрук барҳам дода шуд, - иброз дошт Х.Каримзода.
Ёдрас мекунем, ки Шаҳбоз Раҷабзода моҳи майи соли ҷорӣ зимни як интиқоди шадиди Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа сабукдуш гардид.