-Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 4,4 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 34,6 фоиз ё ба маблағи 1 117 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст,- иброз дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон.
Мавсуф зикр намуд, ки ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3,2 млрд.сомонӣ ба соҳаи соҳибкорӣ ва 41,3 фоиз ба соҳибкорони истеҳсолӣ, соҳаи савдои хориҷӣ 18,1 фоиз, саноат 13,3 фоиз, истеъмолот 25 фоиз, кишоварзӣ 15,5 фоиз, хизматрасонӣ 14 фоиз, сохтмон10,6 фоиз, нақлиёт 0,8 фоиз, миёнаравии молиявӣ 1,1 фоиз ва дигар соҳаҳо 1, 6 фоиз рост меояд.
Маълум гардид, ки шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ 16 886 нафарро ташкил медиҳад, аз ин шумора 5 731 нафарашон бонувонанд.