Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷинояткорӣ миёни занон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 77 ҳолат зиёд мебошад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон 570 нафар зан даст ба ҷиноят задаанд, ки миёни онҳо 3 нафар бо гумони хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд. Ин нуктаро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамоно зимни санҷишҳо ба мушоҳида мерасад, ки солҳои охир занон бештар ба ҷиноят даст мезананд. Парвандаҳои онҳо баррасӣ шуда, нисбаташон ҳукми суд татбиқ гардидааст.
Ҳамчунин, бино ба иттилои Суди Олӣ дар шашмоҳаи соли ҷорӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба 9 ҳазору 267 парванда қарор қабул карда шудааст. 3 ҳазору 628 нафар огоҳӣ гирифта, нисбат ба 5 ҳазору 639 нафар ситондани ҷарима таъйин гаштааст.