Санаи 22.07.2019 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ректори донишкада, Шодӣ Сафаров иброз дошт, ки теъдоди довталабон сол то сол зиёд гардида, майлу рағбати ҷавондухтарон низ ба варзиш меафзояд. Бино ба иттилои Ш. Сафаров соли ҷорӣ зиёда аз 200 ҷавондухтар ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ супурдаанд, ки чунин ҳолат дар таърихи донишкада бори аввал ба қайд гирифта шудааст.
- Духтарон бештар ба риштаҳои хабарнигори варзишӣ, волейбол, якҳарбаи шарқӣ, бокс, дзюдо ва дигар намуди варзиш майлу рағбат доранд. Барои ҷавондухтароне, ки нимятим ва ё ятими кулл ҳастанд, 3 вақт хӯроки ройгон ва кӯмакпулӣ дода мешавад, - иброз дошт Ш.Сафаров.
Барои ҷалби бештари ҷавондухтарон ба таҳсил дар хобгоҳи донишкада 100 ҷой бо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, пас аз хатми таҳсил духтарон имкон доранд, ки дар донишкада кору фаъолият намоянд. Соли равон 25 нафар донишҷӯдухтарон пас аз хатми донишкада ин ҷо ба ҳайси омӯзгор пазируфта шудаанд.