Дар шаш моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон аз ҷониби ҷавонон 657 ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ дод.
- Новобаста аз коҳиш ёфтани омори содиршавии ҷиноятҳо бо иштироки ҷавонон, вазъ дар ин самт боиси нигаронии масъулони ниҳоди кор бо ҷавонон боқӣ мемонад, - афзуд мавсуф.
Бинобар иттилои манбаъ дар ҳамин давраи соли 2019 теъдоди сироятшудагон ба бемории ВНМО ба 60 нафар мерасад, ки қисми зиёди онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Шумораи гирифторони бемориҳои нашъамандӣ аз ҳисоби ҷавонони вилоят 207 нафарро ташкил медиҳад, ки 7 тани онҳо занон мебошанд.
- Барои пешгирӣ аз равандҳои номатлуб дар ҷомеа давоми соли ҷорӣ Раёссати кор бо ҷавонон ва варзиш 7 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ва аз тарафи сохторҳои маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 124 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намудааст.
Тавре сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иброз дошт, бунёди варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ барои ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим ва пешгирӣ аз дигар амалҳои номатлуб миёни ҷавонон нақши муассир мегузорад. Ин аст, ки дар доираи барномаҳои рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ва истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмони 80 толору 300 адад майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумор дар соли 2018 - 7 толор ва 54 майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд, - мегӯяд Абдуллозода.