Илёс Идрисзода, раиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ба унвонии роҳбарияти хадамот дар самти муносибати нодурусти иҷрочиён дар маҳалҳо то кунун 10 нафар муроҷиат намудаанд. Роҷеъ ба ин қазия аз ҷониби шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва амнияти дохилии хадамот санҷиши хизматӣ гузаронда шуда, вобаста ба ҳар яки он қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар Дастгоҳи марказии хадамот, Раёсати иҷро дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шуъбаи иҷро дар ВМКБ, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ вобаста ба шумораи аҳолӣ дар маҷмӯъ 305 иҷрочиёни калон ва иҷрочиён фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор 23 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.