Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аксияи сохтмону таъмир ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид.
Тавре аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи тоҷирон соҳибкорон, роҳбарони ширкатҳои хурду бузург, хоҷагидорону зодмандон ва кулли сокинони вилоят барои бунёду ободонии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Зеро ҳар сол шумори хонандагон дар қаламрави вилоят аз 20 то 25 ҳазор нафар афзуда, барои фарогирии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ эҳтиёҷот ба ҷойи нишасту синфхонаҳои иловагӣ меафзояд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон ба 1342 адад мерасад, ки аз ин 1077 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 151 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ мебошанд. Ҳамчунин 72 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 24 гимназияи давлатӣ, 21 литсейи давлатӣ, 10 мактаб-интернати кӯдакони ятим, 1 мактаб-интернати ёрирасон 4 адад мактаб-интернати бачаҳои лаёқатманд ва як хонаи бачагон фаъолият дорад.
Дар соли таҳсили 2018-2019 шумори умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба 72 ҳазору 906 нафар мерасад, ки нисбат ба як соли пеш 21 ҳазору 904 нафар зиёд аст.