84 кӯдаке, ки чанде қабл аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон оварда, дар истироҳатгоҳи «Харангон» нигаҳдорӣ мешуданд, ба хона-интернатҳои кишвар супорида шуданд. Дар ин бора Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
- Тайи ду рӯз мешавад, ки ин атфолро ба интернатҳо равон намудем. Бо онҳо аз рӯйи барномаҳои мутобиқгардонӣ кор карда истодаанд. Инчунин, дар самти беҳтар гардонидани ҳолати равониашон мутахассисони равоншиносро ҷалб намудаем. Онҳо ба дарсҳои иловагӣ ҷалб карда шудаанд, - гуфт Н.Саид.
Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илм то расидан ба синну соли шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар кӯдакону наврасонро таҳти сарпарастӣ қарор медиҳад. Ёдрас мешавем, ки кӯдакони овардашуда аз 1 то 17 сол доранд ва волидони баъзеашон дар ҷангҳои Ироқу Сурия фавтидаву қисми дар зиндонҳои ин давлатҳо нигаҳдорӣ мешаванд.