Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Масъулини ин ниҳод оид ба фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот доданд. Бино ба иттилои Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ айни ҳол дар худи кумита 344 нафар ифои вазифа менамоянд, ки миёнашон бонувон низ ҳузур доранд.
- Теъдоди мутахассисони зан дар кумита 29 нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 8,4 фоиз баробар аст. Дар ин росто, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманкул»-и шаҳри Душанбе низ бонувон фаъолият менамоянд, ки ин адад ба 41 нафар мерасад. Албатта, теъдоди мазкур ҳанӯз ҳам кам аст ва барои ҷалби бештари бонувони мутахассис диққати махсус дода мешавад, - иброз дошт Хоҷазода.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки муовини аввали раиси Кумитаи замини вилояти Суғд, раиси Кумитаи идораи замини шаҳрҳои Турсунзодаву Шамсиддини Шоҳин ва Директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманкул»-и шаҳри Левакантро занон бар уҳда доранд.
Ориф Хоҷазода мегӯяд, дар оянда ба нақша гирифтаанд, ки теъдоди занони роҳбарро бештар намоянд.