Санаи 18 июл раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон зимни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳои аутидорӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Палатаи ҳисоб дар муассисаҳои буҷетӣ 156 санҷиши аутидорӣ гузаронда, зарари молиявиро ба маблағи 88,3 миллион сомонӣ муайян намудааст. Ҷиҳати бартараф кардани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҷӯӣ шуда, ба буҷет ва муассисаю ташкилотҳо зарари молиявӣ ба маблағи 41,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
Гуфта шуд, ки зарари молиявии нисбатан калон дар КВД «Сохтмони манзили дастрас» ба маблағи 41,1 млн. сомонӣ ва ҶСК «Сохтмон таъмир» ба маблағи 118,1 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст. Ҳамчунин, мутобиқ ба муроҷиати асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чорабиниҳои аутидорӣ дар 5 субъекти хоҷагидории ғайридавлатӣ гузаронда шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 8,5 млн. сомонӣ ошкор ва аз он 3,6 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.