Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1 ҳазору 875 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 341 муроҷиат хаттӣ ва 1 ҳазору 543 адад шифоҳӣ мебошанд. Дар ин бора имруз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд. Бино ба иттилои номбурда аз ҳама бештар шаҳрвандони, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба ин ниҳод муроҷиат намудаанд. Аз теъдоди муроҷиатҳое, ки дар ин давра вориди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гардидааст, 170 ададаш аз ҷониби бонувон сурат гирифтааст.
- Бештари бонувони муроҷиаткунанда аз шаҳри Душанбе буда, нисбат ба тақдири фарзандонашон, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, муроҷиат кардаанд. Ҳамчунин, қисмати дигар оид ба рӯёнидани алимент, таълими фарзанд ва дигар масъалаҳои оиладорӣ ба мо муроҷиат кардаанд. Дар ин миён ҳастанд бонувоне, ки нисбат ба масъулини КВД «Сохтмони манзили дастрас» низ шикоят кардаанд, - иброз дошт Бобозода.
Қайд карда шуд, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 4 муроҷиат оид ба шиканҷа ворид шудааст, ки аз якеаш исботи худро наёфта, сетои дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.