Санаи 16 июли соли равон муоини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо аксарияти барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ танҳо дар 40-80 %-и ҳолатҳо иҷро мешаванд. Қайд гардид, ки ягона минтақае, ки то 90-100 % барномаи мазкурро ба иҷро расонидааст, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мебошад.
- Иҷроиши барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб танҳо 40%-ро дар мегирад ва иҷроиши барномаҳое, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, нисбатан нишондиҳандаҳои баландтарро доранд. Дар маҷмӯъ 70 % маблағҳо барои амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва сармоягузорон амалӣ карда мешавад, - қайд кард Исмоилзода.
Зикр гардид, ки дар соли 2020 аксарияти барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳалҳо ба итмом расида, барномаҳои нав таҳия хоҳанд шуд.