Масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ беш аз 10 млрд. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 617,1 млн. кВт. соат зиёд мебошад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, бо вуҷуди он ки пардохти маблағи нерӯи барқ аз ҷониби муштариёни дохили ҷумҳурӣ сари вақт иҷро гардида, нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошад, вале ҳамоно қарзи дебитории ширкати «Барқи Тоҷик» боқӣ мондааст.
- Бо вуҷуди он ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 270,4 млн. сомонӣ пардохти нерӯи барқ зиёд ҷамъоварӣ шуда бошад ҳам, аммо танҳо дар нимсолаи якуми соли равон қарзи дебитории ширкати «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ 2 млрд. 509, 4 сомониро ташкил додааст, - иброз дошт У.Усмонзода.