Дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» камбудиҳои зиёд ошкор гардида, 2 ҳазору 230 нафар падару модар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шудаанд. Дар ин бора имрӯз Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 103 парвандаи ҷиноятӣ нисбати қонунвайронкунандагон оғоз карда шудааст.
Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 164, 174, 168, 169 ва 177-и КҶ ҶТ оғоз гардидаанд. Ин нафарон барои гирифтани таҳсилоти миёнаи ҳатмии фарзандонашон монеъ ва уҳдадориҳо аз ҷониби волидайн ва омӯзгоронро иҷро накардаанд. Дар баробари ин, бархеҳо маблағи алиментро пардохт накарда, духтарони ба синни никоҳӣ нарасидаро ба шавҳар додаанд.