- Тибқи барномаҳои амалкунанда дар Тоҷикистон имрӯзҳо бонувон назар ба мардҳо дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва чорводорӣ ниҳоят фаъоланд, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ.
Қайд гардид, ки тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 7790 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш 110,8 %-ро ташкил дода, дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ афзоиш мутаносибан ба 112,2 ва 108,4 % баробар мебошад.
Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои тирамоҳу зимистон хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар масоҳати 73,97 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар он кишти сабзавотҳои гуногун амалӣ гардида, аз он 1940 тонна ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намуданд.