Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳамидуллохон Фақиров оид ба фаъолияти нимсолаи якум ба хабарнигорон маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорат миёни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ҷойи панҷумро ишғол намуда, ба панҷгонаи беҳтарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ шомил шуд. Вале номбурда аз он изҳори таассуф намуд, ки миёни омӯзгорони донишгоҳ муаллимони унвондор ҳанӯз каманд.
- Бояд панҷоҳ дарсади омӯзгорони макотибҳои олӣ мутахассисони унвондор бошанд. Ин арқом дар мо 49,4 фоизро ташкил медиҳад. Барои расидан ба ҳадди ниҳоӣ дар донишгоҳ мараторинги дусола барои аспирантони худи донишгоҳ эълон карда шудааст. Аз ин лиҳоз, ба аспирантон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва онҳо метавонанд ройгон аз ин имкониятҳо истифода баранд. Аз ҷумла, ду Шӯрои диссертатсионӣ оид ба рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ фаъолият менамоянд, ки аспирантон метавонанд дар худи донишгоҳ рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намоянд, - иброз дошт Ҳ.Фақиров.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 249 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 95 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.