Аз 20 то 23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор баргузор гардид, ки дар он бонувони тоҷик ширкат варзида, соҳиби 9 медал - 3 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд.
Мавлуда Давлатмамадова, ходими илмӣ, котиби илмии Шӯрои илмии Маркази илмию тадқиқотии фарматсевти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтирои «Маводи доруворӣ барои муолиҷаи аллергияи пӯст» бо ҷоизаи олӣ, медалҳои тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва 12-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ҳамчун “Беҳтарин зани ихтироъкор” ва Маина Султонмамадова, номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтирои «Малҳами «Фиталит», ки таъсири гипохолестеринимикӣ, литолитикӣ ва гепатопротекторӣ дорад бо медали тилло аз ҷониби Асотсиатсияи ихтироъкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун “Беҳтарин зани ихтироъкор” қадрдонӣ карда шуданд.
Робия Раҳимова, ассистенти кафедраи химияи фармасевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои ихтирои «Малбсинкати фаъолияти зидди гиҷҷавӣ зоҳиркунанда», Мадина Кариева - аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои ихтирои «Сохтор барои табобати баромади модарзодии рон», Маина Султонмамадова, номзади илмҳои химия, мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтирои «Марҳами «Фиталит» ва аспиранти шуъбаи ҷарроҳии умумии Муасисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 - Силсила Расулова барои ихтирои «Тарзи табобати ҷарроҳии норасои ҳалқамушак дар натиҷаи осеби баъд аз таваллуд» соҳиби медалҳои нуқрагини 12 – умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор гардиданд.
Бонувони тоҷик ба ҷуз медалҳои тиллову нуқрагин ҳамчунин медали бринҷӣ низ ба даст овардаанд. Меҳринигори Булбулназар докторант-PhD, курси 4-уми факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтирои «Тарзи ҳосил кардани ранг аз маводи растанӣ», Ганҷина Наврӯзова, номзади илмҳои фармасевтӣ, ассистенти кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва токсикологии Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино барои ихтирои «Фераси таъсири антиоксидантӣ зоҳиркунанда», Фарзона Абдуҷалилзода, сармутахассиси шуъбаи илму инноватсияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои ихтирои «Дастгоҳи комплексии офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи гармӣ ва барқ» ва Мавзуна Шарипова - номзади илмҳои кимиё, мудири кафедраи химияи Факултаи муҳандиси-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои ихтирои «Тарзи ҳосил намудани ранги зарди ғизоӣ аз решаи ширинбия» медалҳои бринҷии намоишгоҳи мазкурро ба даст овардаанд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2012 инҷониб 44 адад ихтирои 34 бонуи ихтироъкори ҷумҳурӣ ба озмунҳои байналмилалӣ пешниҳод шудааст. дар ин озмунҳо онҳо соҳиби 15 медали тилло, аз ин миқдор 2 медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 3 медали тилоии Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии мардумии Чин, Таиланд ва Олмон, 18 адад медали нуқра, 13 адад медали биринҷӣ гардида, ҳамчунин бо 2 адад Гран-прӣ-и Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд, 1 адад Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 адад Ҷоизаи аввалини Ҷумҳурии исломии Эрон ва 1 адад Ҷоизаи махсуси Индонезия ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ карда шудаанд.