Имрӯз дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 10 - солагии Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конференсия бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Дар кори он масъулони кумита, олимону мутахассисони соҳаи забон, хабарнигорону коршиносон ширкат намуданд.
Дар сухани ифтитоҳӣ раиси кумита Гавҳар Ҷӯраева аз ҷумла қайд кард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумат аз 28 октябри соли 2016 ба қатори мақомоти санҷишгар дохил шудааст ва дар се сол як маротиба вазъи риояи муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон санҷида мешаванд.
Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни суҳбат зикр кард, ки дар ин давра вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусан, фаъолияти коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Халқ овози», «Народная газета», «Тоҷикистон», «СССР», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва инчунин дигар нашрияҳо мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Аз натиҷаи санҷиш ба идораҳои мазкур хулосаи Кумита пешниҳод гардид.
Дар кори конференсия бо маърузаҳои «Матбуот оинаи забон» - доктори илмҳои филология Сайфиддин Назрзода, «Баъзе ғалатбандӣ дар забони матбуот» - доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов, «Вазъи забони матбуоти маҳаллӣ» - доктори илмҳои филология Назрӣ Офаридаев, «Устод Айнӣ ва забони зинда» - прфессор Шаҳбоз Кабиров, «Баъзе масъалаҳои матбуоти имрӯза» - номзади илмҳои филология Рустами Ваҳҳоб, «Меъёри адабӣ ва забои расонаҳои хабарӣ» - доктори илмҳои филология, профессор Олимҷон Қосимов ва «Қоидаҳои имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ» - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Саодатшо Матробиён суханрони намуданд.
Инчунин олимони соҳа таъкид намуданд, ки вазифаи намояндагони ВАО ҳамчун таблиғгарони асосии забони меъёр ҳифзи асолату тозагии забон мебошад. Агар намояндагони ВАО ба ғалатнависиҳо роҳ диҳанд ё қоидаҳои имлои муқарраршударо риоя накунанд, хонандаву бинанда ва шунаванда раҳгум мезананд. Ба ҳамин хотир нақши ВАО, хусусан маҷаллаю рӯзномаҳо дар рушди забони давлатӣ хеле назаррас бояд бошад.
Пас аз музокира дар анҷоми конференсия аз ҷониби иштирокчиён Тавсиянома қабул гардид.