Нахусткитоби рӯзноманигори шинохта Субҳон Ҷалилов бо номи «61 алами бемодарӣ» бо забони тоҷикӣ дар ду ҳуруф - кириллӣ ва форсӣ дар ҳаҷми 126 саҳифа рӯи чоп омад. Муҳтавои китоб рубоиёте мебошанд, ки дар сӯгвории модар, ишқ, ёд ва меҳри ӯ суруда шудаанд. Дар сарсухани китоб муаллиф қайд мекунад, ки «модар биҳишти фарзанд аст ва алами бемодарӣ хати сиёҳи сарнавишт».
Муҳаррирони китоб Ворис ва Сайёд Ғаффор мебошанд. Китоб бо сифати баланд, дар ҳаҷми 300 дона аз чоп баромадааст.