15 –уми июни соли ҷорӣ шаҳри Душанбе мизбони Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буд. Масъулияти роҳбарии созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба зимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.
Ҳамоиши мазкур дар «Кохи Наврӯз» - и шаҳри Душанбе доир гардида, барои иштирок дар кори он сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчиву нозир ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии нозир ва шарикони он ширкат варзиданд. Нахуст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи оламро гарму самимӣ истиқбол гирифт. Сипас, маросими аксбардории роҳбарони давлат ва ҳайатҳо дар толорҳои «Дидор» ва «Аржанг» доир шуд.
Кори ҳаммоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ маҳсуб меёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар Машварати мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва мушорикати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути идомаи роҳандозии тадбирҳои боварӣ, инчуни саҳмгузорӣ дар шукуфоӣ ва рушди мутаносиби тамоми минтақаи Осиёро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.
Ёдрас мешавем, ки МҲТБО анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавӣ буда, соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Он дар чор сол як маротиба баргузор мешавад.
Манбаъ: www.president.tj