Санаи 15.06.2019 сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ сурат гирифтанд, ба сатҳи бадастомадаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.
Дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доранд, баррасӣ гардид. Дар натиҷаи музокирот маҷмӯи нави санадҳо ба имзо расид, ки самтҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, инфрасохтор ва илму техника фаро мегиранд. Ҷонибҳо оид ба идома додани мутобиқсозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-юм бо ташаббуси «Як камарманд - як роҳ» ва пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ изҳори азму омодагӣ карданд.
Чин сармоягузори бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми умумии сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон алҳол зиёда аз 2,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Мубодилаи мол миёни ин кишварҳо соли гузашта тақрибан 2 миллиард долларро ташкил кард. Ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти ҳарчи зудтар ба истифода додани навбати аввали Корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва оғози корҳои марбут ба татбиқи марҳалаҳои навбатии лоиҳаи маҷмаи нассоҷии «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ҳамчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони Маркази барқи ҳароратии 600-мегаваттаи «Фон-Яғноб» ва навсозии заводи алюминий «Талко»-ро таъкид кард.
Ҷонибҳо азм карданд, ки ҳамкории муттақобилан судмандро дар соҳаи нақлиёт ва иртиботот ба хотири эҷоди шароити мусоид барои боркашониҳои нақлиётиву транзитӣ, инчунин, бунёду азнавсозии роҳҳои оҳану мошингард ва дигар навъҳои зерсохтори нақлиётӣ идома хоҳанд дод. Инчунин, роҳҳои таъмини минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла дар арсаи илму маориф муҳокима гардид. Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи илм, инноватсия ва технологияҳо, ҳамчунин, тақвияти робитаҳо миёни муассисоти илмиву таҳқиқотӣ ва доираҳои академии ду кишвар, аз ҷумла доир ба тарбияву бозомӯзии мутахассисони ҷавон диққати махсус дода шуд.
Дар рафти музокирот ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории самарабахши худро бо Чин дар соҳаи амният муҳим арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар ин самт Ҷумҳурии мардумии Чин шарики боэътимоди Тоҷикистон аст. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Чин дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.
Масъалаҳои мубрами вобаста ба амнияти минтақавӣ ва қазияи Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт. Дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷонибдории саъю талоши муштарак ба хотири мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон изҳори назар карданд.
Дар интиҳои музокирот Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаноби Си Ҷинпинро бо фарорасии ҷашни 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сидқан табрику таҳният гуфтанд ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу субот ва рифоҳу ободӣ орзу намуданд.
Манбаъ: www.president.tj