Аз санаи 15 то 17 июн дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Фестивал – намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Зиннату ҳусни ҷавонист, чакан» баргузор шуд. Фестивали мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мақсад аз баргузории он муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсули дастони бонувони ҳунарманд ва ҳунарҳои миллии тоҷикӣ мебошад. Бино бар иттилои Каримҷон Салимзода, котиби матбуотии кумита дар доираи фестивали мазкур чандин озмунҳои дигар низ баргузор карда шуд.
- Нимаи дуюми рӯзи 16 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озмуни ҷумҳуриявии "Маликаи Чакан" бо иштироки беҳтарин ҷавондухтарони ҷумҳурӣ доир шуд. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иштирок намуданд. Дар озмун 15 нафар ҷавондухтарони ҳунарманди кишвар ширкат варзида, ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Иштирокчии озмун - Фарзона аз шаҳри Кӯлоб ғолиби шоҳҷоиза гардида, ҳамчунин, соҳиби тоҷи тиллоӣ шуд. Дар баробари озмуни мазкур беҳтарин суруду рақсу таронаҳои дилнишин аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузошта шуд, - иброз дошт К. Салимзода.
Дар доираи баргузории Фестивал намоиши ҷумҳуриявии ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб роҳпаймоии осоишта таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» бо иштироки беш аз 3000 нафар доир гардид. Дар роҳпаймои осоишта ҷавонони касбу кори гуногун, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат", гирандагони стипендияи Президентӣ, ҳунармандони ҷавон, ҳайати чаканпӯшону чакандӯзон, омӯзгорону табибони ҷавон иштирок намуданд. Пас аз роҳпаймоии осоишта дар маҷмааи таърихии 2700 солагии шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони "Пайравони Пешвои миллатем" ба кори хеш шуруъ намуда, дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иштирок ва суханронӣ намуданд.