Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон санаи 21-уми июн чун Рӯзи байналмилалии мусиқӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин сана, сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиеро таҳти унвони «Фестивали диҷейҳо», дар шаҳри Душанбе доир менамояд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон сафири Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуедар иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бо ташаббуси сафорати Фаронса ва дастгирии Маркази фарҳангии «Бохтар» санаи 21-уми июн, дар назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад. Дар барномаи консертӣ на танҳо мусиқичиёнӣ касбӣ, балки дӯстдорони жанрҳои гуногуни мусиқии ҷаз ширкат меварзанд. Миёни иштирокдорон оҳангсози машҳури фаронсавӣ Диҷей Мяко низ ҳузур дорад. Аз диҷейҳои ватанӣ Матеош, Фирдавс Исоев, Дина Миллер, Ҷова, Чингиз, Тоҷтранс ва Мавзуна Шарифӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Чорабинӣ соати 18 – 00 оғоз шуда, то соати 22 – 00 идома меёбад. Даромад ройгон аст.