Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони "Тоҷикистон Ватани азизи ман" маҳфили эҷодии шоираи ҷавон, барандаи ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, муовини Раиси Шӯрои Ҳаракати вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам баргузор гардид.
Дар маҳфил Рӯдоба тозатарин шеърҳояшро дар васфи Ватан, Ваҳдат, дӯстиву якпорчагӣ ва ҳифзи меҳану номуси ватандорӣ пешкаши ҳаводорон гардонид.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил овозхонон Ҷумъахон Сафар, Фахриддин Малик, Шуҳрат Сайнак, Ҳақназар Аловат, Тобиш Ҳилолӣ, Носирҷон Икромов, ҳунармандони ансамбли «Марзбон» ва дигарон бо сурудҳои дилнишини худ аз китоби ашъори шоираи ширингӯ Рудоба табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Шоираи ширинкалом Рудоба 2 - июни соли 1979 дар деҳаи Сардеми ҷамоьати Ванқальаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст.
Аз соли 2011 бо тавсияи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомали
Раҳмон муовини Раиси Шӯрои Ҳаракати вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид. Рӯдобаи Мукаррам узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Ордени «Шараф» мебошад.
Китоби шеърҳояш таҳти унвони «Дуруди ошно», «Афсонаи ишқ», «Гулрезаҳои ваҳдат», «Замзамаи равони рӯд», «Гулвожаи баҳорон» ба дасти хонанда расидааст.