Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Дар партави иқдоми мазкур шаҳру деҳоти гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе рӯ ба шукуфоӣ ниҳода, гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ таъмиру тармим гардида, макони нави истироҳату фароғат барои сокинон бунёд мешавад.
Боғи Куруши Кабир яке аз зеботарин боғҳои пойтахт аст, ки рӯзи 7 июн бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд. Баъд аз мавриди амал қарор гирифтан мардуми зиёде аз ин ҷо дидан менамоянд.
Воқеан баъди таҷдиду тармим боғи Куруши Кабир ба мавзеи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Дар натиҷаи тармиму таҷдиди дубора дар боғи мазкур 2 бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои муҷаҳҳаз бо чароғҳои рангоранг ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои таъмини об, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидаанд. 4 қаҳвахона, аз ҷумла, 2 адад пӯшида ва 2 кушода омодаи хизмат ба мизоҷон аст. Ин макони тафреҳу тамошо дорои ду даромадгоҳи бузург ва 22 даромадгоҳи хурд мебошад. Инчунин, дар ду тарафи боғ барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар соҳаи фарҳанги кишвар муҷассамаи мусаввир ва наққоши тоҷик - Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ - Малика Собирова насб гардидааст.
Боғ баъд аз шом боз ҳам зеботар мегардад. Зеро зиёда аз 900 чароғаки равшанидиҳандаи барқӣ ва 6 маҷмӯи равшандиҳандаҳои галогенӣ равшании боғро дучанд менамоянд. Аз тамошои муҳити сабзу хуррами ин ҷо чашм кандан ғайри имкон аст. Каме сайр дар табиати зебои ин макон басанда аст, то хастагият пурра рафъ шавад.
Мардуми зиёде зери айвону нишастгоҳҳои боғ суҳбат ороста, кӯдакон дар майдончаҳои махсус бозӣ доштанд. Инчунин, дар майдончаҳои бозии футболу баскетбол ва теннис, ки баъди азнавсозӣ тоза ба истифода дода шудааст, тӯдаи наврасону ҷавононро машғули бозӣ дарёфтем. Як гурӯҳи ҷавонон, ки ба тамошои бозии футбол ҳамроҳи дӯстонашон омада буданд, оиди таъсиси майдончаҳо фикри хешро чунин байён намуданд:
- Аз таъсиси чунин боғ ва майдончаҳои варзишӣ бисёр хушҳол шудем. Зеро дар баробари сайру гашт ва баҳраманд гардидан аз зебоии ин ҷо, имкон дорем, ки бо ҷураҳоямон бозии футболу волейбол ва тенниси рӯи миз доир намоем. Чун дар ин ҷо ҳамаи чӣ ройгон аст. Имрӯз ду гурӯҳи аз дӯстони мо бозии футбол баргузор намуда истодаанд ва мо барои дасгирии онҳо омадаем.
Майдончаҳои бозии кӯдакона низ ин ҷо комилан ройгон аст. Аз ин пас рӯзҳои истироҳат волидон имкон доранд фарзандони хешро барои бозиву тамошо ба боғи мазкур биёранд. Замони боздиди мо, теъдоди зиёде фарзандону наберагонро ба боғи навбунёд оварда буданд. Ғалатмоҳ Нуроваро, ки бо наберааш ба тамошои боғ омада буд, бештар равшанидиҳандаҳои галогенӣ ва гулгаштҳо писанд омадааст.
-Таърифи ин боғи пуршукуҳу замонавиро шунидаву аз тамошои наворҳо мафтуни табиати афсункораш будам ва дар қалб орзуи диданашро мепарваридам. Имкон даст доду имрӯз набераамро гирифта ба ин ҷо омадам. Воқеан ҳам, як боғи замонавию диданист. Миннатдории худро ба Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ мерасонам. Зеро бо чунин ободкориҳо Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин гардонидаанд, - иброз дошт бо хушнудӣ Ғ.Нурова.
Агарчи бибии Ғалатмоҳ аз таъсиси чунин боғ хушҳоливу сарфарозӣ намуд, вале аз он гиламанд ҳам буд, ки сокинони пойтахт, бештар ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тозагиро риоя намекунанд. Болои сабзаву гулзорҳо баромада, онҳоро поймол менамоянд. Ва ахлотро на дар ахлотпарто, балки дар рӯи роҳ партофта ба зебогии боғҳо костагӣ эҷод мекунанд. Бибӣ аз аз сокинони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, то одоби сайру гашт дар боғро риоя намуда, заҳмати поккорони боғро қадр намоянд.
Ёдрас мекунем, ки боғи Куруши Кабир ҳамарӯза фаъолият намуда, даромад ба он ройгон аст.
Бунафшаи Абдураҳим