Ҳамасола санаи 27-уми июн дар Тоҷикистон чун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 22 сол сипарӣ мешавад. Бахшида ба ин сана дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.
Бино ба иттилои Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шуруъ аз якуми июн Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин, роҳбарони макотиби оливу миёна баргузории чорабиниҳои идонаро бахшида ба ин рӯзи таърихӣ оғоз менамоянд.
- Намояндагони Шӯрои куҳансолон ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор хоҳанд кард. Ин чорабиниҳо аз мулоқоту вохӯриҳо, маҳфилҳои саволу ҷавоб оид ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили пешбарандаи ҳаёти имрӯзаи мардум иборат хоҳанд буд, - иброз дошт М.Асрорӣ.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии асосии таҷлили 22 – юмин солгарди Ваҳдати миллӣ имсол дар минтақаи Рашт, дар худи ноҳияи Рашт, санаи 27 – уми июн баргузор мешавад. Ҳамчунин, теъдоди зиёди меҳмонон, аз ҷумлаи фаъолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз вилоятҳо низ дар ин ҷашн ширкат меварзанд. Дар баробари ин, шурӯъ аз 25 – уми июн дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Нуробод низ чорабиниҳои ҷашнӣ доир мешаванд.