Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сӯҳбати соҳибдилон» бахшида ба Рӯзи оила бо иштироки сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, шоира Шоҳона Сулаймон ва ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова доир гардид.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова оғоз намуда, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули оилаи солим ва нақши он дар пешрафти давлат ва тарбияи дурусти насли наврас дар оила мароқи хоса зоҳир намуда, ҳамеша қайд менамоянд, ки оила таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор дорад.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова аз ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш, хотираҳои неки дар театр дошта, ёди лаҳзаҳои хотирмони умр ба ҳозирин нақлҳои ҷолибе кард.
Сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Шоҳона Сулаймон аз даврони оғози фаъолият дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва меҳри шеъру эҷод дар қалби як духтари рустоӣ суҳбат карда, шеърҳои нобу шунидание аз эҷодиёташ дар васфи Ватан, Модар, Роғун… қироат намуд.
Дар охир донишҷӯёни лаёқатманди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо суруду таронаҳои марғуб хотири меҳмононро шод гардониданд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
http://www.kmt.tj/makhfili-dar-sukhbati-sokhibdilon-bahshida-ba-ruzi-oila