Ба муносибати «Рӯзи оила» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфиренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Зан ва фазои илмию фарҳангии пойтахт» бо иштироки меҳмонони зиёд ва чеҳраҳои шинохтаи кишварбаргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки оила муқаддас аст ва ҳифзи арзишҳои оиладориву эҳтироми он барои ҳар нафар, хоса ҷавонон муҳим аст.
Дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур - Саида Закиева дар мавзӯи «Мушкилоти оиладории анъанавӣ ва таъсири ақидаҳои бегона ба маърифати оиладории миллӣ» маъруза намуд. Дар зимн устодони ДДОТ номзади илмҳои педагогӣ - Мунира Обидова ва мудири бахши кор бо духтарону занони ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои фалсафа - Гулхумор Саидова суханронӣ намуданд.
Дар идома шоираи шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода - Шаҳрияи Атҳамзод роҷеъ ба Зан - Модар шеърҳо қироат намуда, хотири ҷамъомадагонро болида сохт.