Дирӯз дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе аввалин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» доир гардид. Бо иқрори Салимзода Каримҷон - котиби матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин Фестивал, ҷавонони 12 давлати дунё фарҳангу анъанаи худро пешкаши тамошобинон намуданд. Ҳамчунин ҷавонони хориҷӣ бо забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карданд. Дар Фестивали мазкур ҷавонони Тоҷикистон низ бо беҳтарин рақсу таронаҳои дилнишин фарҳанги волои тоҷиконро муаррифӣ намуданд. Шумораи умумии ҷавонони ширкаткунанда дар чорабинӣ 1 500 нафарро ташкил медод.
-Мақсади Фестивал табодули таҷрибаи ҷавонон дар самти фарҳангдӯстӣ, омӯзиши фарҳангҳои халқиятҳои дигар, дӯстиву ҳамгироӣ ва пеш аз ҳама муттаҳид намудани ҷавонон арзёбӣ мегардад, - қайд кард Салимзода.
Ёдовар мешавем, ки фастивали мазкур аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва он дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст. Ин чорабинии бошукуҳи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - Рустами Эмомалӣ доир гардид.