Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Қувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ санаи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе оварда шуданд.
Ин кӯдакону ноболиғон ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаашон ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва нерӯҳои дигари террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шуда, падару модарони бархе аз онҳо дар амалҳои террористӣ кушта шудаанд. Модарони қисмеашон бошад дар маҳбасу боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Ноболиғони ба Ватан баргардонидашуда дар осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб қарор доранд. Ҳамаи кӯдакону наврасон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф кардани ҳолати бади равонӣ ва ба ҳаёти маъмулӣ баргардонидани эшон мутахассисону равоншиносон ҷалб карда шудаанд. Пас аз анҷоми ин марҳила, кӯдакон қисмате ба хешу ақрабои хоҳишманд ва боқимонда ба хона – интернатҳо супорида мешаванд.