Аз 24 то 30 апрели соли ҷорӣ дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» гузаронида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи иммунизатсия таҳти шиори «Пешгирӣ кардан, муҳофизат намудан, иммунизатсия кардан», аз 24 то 30 апрел баргузор мегардад. Дар ин бора Умарзода Саида, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар нишасти мазкур Мартэ Эверард – сардори намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лучиано Калестинӣ – сардори намояндагии Хазинаи кӯдаконаи СММ (ХКСММ) дар ҶТ ва Азизов З. – директори генералии муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» (МД МҶИ) суханронӣ намуда, оид ба баргузории ҳафтаи иммунизатсия ва манфиати он маълумот доданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ арзёбӣ гардид.
Ваксинаҳо бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ гузаронида мешавад. Аз рӯи тақвими миллӣ баъд аз 24 соати таваллуд то 16 солагӣ ва пас аз 10 сол, ҳар як нафар ваксинаро ройгон қабул менамоянд.