Дар саҳни ҳавлии «Нонпазхона» ҳар яке аз кадбону рӯи дастархони хешро ба таври омиёна оро дода, хӯрокҳои камхарҷи миллӣ ва болаззатро манзури тамошобинон гардониданд. Меҳмононе, ки ба ин ҷо ташриф меоварданд, ҳатман аз тамъу лаззати таомҳои омоданамудаи кадбонуиҳои чирадаст мечашиданд. Шакаробу қурутоб, оши буридаву туппа, фатирмаскаву далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин маҳсулоти нонӣ, аз қабили қатмол, фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда ва гирдача анвоҳое буданд, ки ҳар як кадбону бо маҳорати махсус омода намуда, пешкаши иштирокдорон намуданд.
Аъзои ҳакамон аз хони оростаи ҳар кадом аз кадбону дидан намуда, дар ниҳоят ғолиби озмунро муайян намуданд. Ҳамин тариқ, кадбонуи ҳунарманд Марҷона Ғуломова, аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби ҷои аввал гардида, ғолиби озмун эълон гардид. Ҷойи дуввумро Марҳамат Бозорова аз ноҳияи Шоҳмансур ва мақоми сеюмро Гулҷаҳон Носирова ҳунарманди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор гардиданд. Ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо аз ҷониби ташаббускорон тақдим гардид.
Ҳамчунин, беҳтарин бонувони ҳунарманд, Фариштамоҳ Ашӯрова ва Зулайхо Ҳакимова дар доир намудани чорабинии мазкур ширкати фаъол доштанд бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Зулайхо Ҳакимова, ҳунарманди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки чун таҳмолпази номӣ машҳур аст, дар суҳбат бо мо қайд кард:
- Баргузории чунин чорабиниҳо, мо, ҳунармандонро рӯҳбаланд месозад. Имрӯз ҳар нафаре аз таҳмолҳои омоданамудаамон чашид ҳатман тарзи омода намуданашро пурсон шуд. Яъне, чорабиниҳои амсоли «Кадбонуи беҳтарин» имкон фароҳам меорад, то ҷавонону наврасон ҳунари таббохиро аз кадбонуҳои беҳтарини кишвар омӯзанд.
Фариштамоҳ Ашӯрова, кадбонуи чирадаст ва роҳбари «Нонпазхона»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ доир кардани ин навъи озмуну чорабиниҳоро ба манфиат дониста, иброз дошт, ки бо ин роҳ ҳунармандонро метавон ҳавасманд кард.
- Имрӯз андешидам, ки кадом навъи хӯроки миллиро омода созам, то ҳам осон бошаду ҳам камхарҷ. Наскотала омода намудам. Он хело бомазза ва сабуку ба саломатӣ фоиданок аст, - мегӯяд бо хушнудӣ холаи Фариштамоҳ.
Ёдрас мешавем, ки озмун бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст ва ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 апрели соли равон роҳандозӣ мешавад.