Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд «Роҳи танобӣ» ба истифода дода шуд. Ин роҳ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, он дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар дар якто, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонӣ аст.
Тариқи «Роҳи танобӣ» метавон як километр роҳро, шурӯъ аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир тай намуд ва аз зебоиҳои шаҳр дидан кард.
Қайд мегардад, баландии роҳи мазкур аз сатҳи дарё 35 метрро ташкил медиҳад. Дар як вақт ба 160 хоҳишманди сайру тамошо хизмат расонда мешавад. Дар маркази хизматрасонии роҳи танобӣ 16 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Роҳи танобӣ чун василаи ҷалбу ҳавасмандкунии бештари сайёҳон ба қаламрави вилоят арзёбӣ мегардад.