Дар шаҳри Хуҷанд Қасри ҷавонон азнавсозӣ ва ба номи устод Лоиқ Шералӣ гузошта шуд. Дар рӯзи кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, толори асосиаш барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Таъмиру таҷдиди иншооти мазкур моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва маблағгузории
Ҳукумат мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Бинои Қасри ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 0,85 га қомат афрохта, масоҳати умумии он 2273 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи қаср синфи компютерӣ, забономӯзӣ, дӯкони дӯзандагӣ, маҳфили карнайнавозон, толори гурӯҳи рақсии ансамбли фолклорӣ - этнографии «Фалак» ҷой гирифтааст.