Фаррух Ҳамрализода дар хусуси ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук, ки дар маҷмӯъ 30 намуди имтиёзҳоро дар бобати рушди соҳибкорӣ дар бар мегирад, қайд намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз қабули тағйиру иловаҳо ба кодексҳои номбурда беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишварамон мебошад.
Ҳамчунин, мавсуф иттилоъ дод, ки бо мақсади дастгирии молиявии соҳибкорӣ тавассути Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар умум 168 лоиҳаи тиҷоратии соҳибкорон ба маблағи 243 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар соли гузашта 14 лоиҳа ба маблағи 40, 8 млн. сомонӣ дастгирӣ карда шуданд.