- Соли сипаригашта зиёда аз 40 ҳазор сайёҳон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор дидан намуданд, ки аз ин шумор 4 ҳазор нафарашон ҷаҳонгардони хориҷӣ мебошанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Раиси шаҳр айни замон 5 осоишгоҳҳои фароғатию табобатӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор амал мекунанд, ки ҳар сол дар мавсими муайян садҳо нафарро ба истироҳату табобат фаро мегирад. Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорон дар мавзеи хушманзараи дараи Хонақоҳи Кӯҳӣ ба фаъолият оғоз намудани як маркази истироҳату фароғат барои сайёҳону гардишгарони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст, ки то мавсими тобистон ба истифода дода хоҳад шуд.