Бино ба иттилои номбурда, ҷиҳати дурустии матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ низ санҷиш гузаронида шуда, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти 480 ташкилоту муассисаҳои рекламавӣ мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
- Мутаасифона, имрӯз қисмати зиёди овезаву рекламаҳо аз ҷиҳати забонӣ ва ё мантиқан хато навишта мешаванд. Худи ибораи «Шустушӯи нақлиёт», ки дар нуқтаҳои тоза кардани мошинҳо насб гардидааст, хато мебошад. Зеро калимаи «шустушӯй» ҳангоми шустани либос ба маврид аст. Ба ҷой ин метавон аз ибораи «Шустани мошин» истифода кард. Дар ин самт кор бурда истодаем,-иброз дошт Г.Шарофзода.