Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, бо ин роҳ теъдоди занони ҳунарманд зиёд гардида, қисме аз онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. «То ҳол дар назди кумита наздики 5 ҳазор бонуи ҳунарманд ба қайд гирифта шудааст, ки ҳар кадоме аз онҳо дӯконҳои дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн ва марказҳои заргарӣ кушода, фаъолияташонро пеш мебаранд. Инчунин, бонувон ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд»,-иброз дошт мавсуф.
Бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиш ва фурӯши «Чакан» ва «Заргар» баргузор гардида, рӯзҳои наздик фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир хоҳад шуд.