Ба гуфтаи манбаъ дар «Маркази Бонувон»-и Левакант омӯзиши касбу ҳунарҳои зарур дар бозори меҳнат ба роҳ монда шуда, то имрӯз даҳҳо нафар баъди хатми курсҳои мазкур соҳиби кору шуғлҳои музднок гардидаанд. Чанде пеш дар дохили марказ «Маркази буҳронӣ» низ арзи ҳастӣ кардааст, ки ҳуқуқшиносонаш дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии бонувон мусоидат мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар маҷмуъ бахшҳои гуногуни илму касбомӯзии «Маркази Бонувон»-и Левакант бобати фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавондухтарон дар самти роҳ ба сӯи мактабҳои олӣ нигаронида шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ аз 44 ҳазору 465 нафар аҳолии шаҳр бештар аз 53 дарсади онро бонувони ташкил медиҳанд. Шумораи занони роҳбар дар Левакант ба 89 нафар расида, 9 тан вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 10 нафар вакилони ҷамоатҳои деҳот мебошанд.
- То имрӯз зиёда аз 100 нафар занону духтарони шаҳри Левакант курсҳои такмили ихтисосро ба итмом расонида, дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият доранд. Айни замон шумораи бештари кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва соҳаи тандурустии шаҳри Левакантро занон ташкил медиҳанд,- қайд кард Самизода.
Ҳамчунин аз 107 нафар бонувони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул 3 нафарашон сазоври Грантҳои президентӣ ва раиси вилояти Хатлон гардидаанд.