- Сайёҳони хориҷӣ қариб, ки аз ҳамаи кишварҳои ба мо дӯсту бародар ташриф овардаанд. Аммо, теъдоди сайёҳон аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон зиёд аст. Танҳо дар соли 2018, теъдоди онҳо 700 ҳазорро ташкил додааст, ки аз сиёсати дарҳои боз арзёбӣ мешавад,-иброз дошт, - Н.Абдуғаффорзода.
Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода шуд, ки даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ дар соли сипаришуда афзуда, 214 миллиону 36 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017, 65,2 миллион сомонӣ зиёд аст.