Барои дарёфти ҷойи кори муносиб аз тарафи Вазорат 722 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронид шуда, 6696 нафар корҷӯ дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор ва 14 288 нафар шаҳрвандони бекор ба намудҳо гуногуни шуғл ҷалб гардиданд.
Мавсуф қайд кард, ки ҷиҳати дастгирӣ ва эҳё намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1257 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 4 млн.32,5 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шудааст.
-Дар давоми соли 2018 тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 484 176 нафар ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки аз онҳо 64 512 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, - гуфт муовини вазир.