Инчунин иброз гардид дар соли 2018 - 648 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2017 - 100 адад камтар мебошад. Аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 648 адад парвандаи вобаста ба риоя накардани қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчун ҷарима 3 миллиону 61 ҳазору 950 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардидааст.