Мавсуф қайд кард, ки ташхиси такрории тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шудааст. Нафақаи маъюбиро дар асоси хулоса ва тасдиқи Хадамоти тиббӣ Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъин менамояд.
-Теъдоди гирандагони нафақаи маъюбӣ дар ҷумҳурӣ 145 896 нафарро ташкил дода, аз ин 27 555 нафар кӯдакон, 15 105 нафар маъюбони гурӯҳӣ якум, 69 880 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм ва 33 356 нафар маъюбони гурӯҳ сеюм мебошанд,- иброз дошт С.Наҷмиддинов.